Торгово-промышленная палата
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Языки: ru en tj
 
 
 
 
 
 
TPP

 
 
Календарь

Ноябрь 2018
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30

 
 
Погода

 
 
TPP

Журнал

 
Бизнес-Путеводитель

Ҷаласаи корӣ оид ба омодагӣ ва иштирокӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи ЭКСПО-2017

 

        05.01.2017 дар ШХСК «Барқи Тоҷик» ҷаласаи корӣ оид ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи ЭКСПО-2017 бо иштироки Шариф Саид – Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссари генералии экспозитсияи Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур, Раҳимзода Султон – муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои об, Исмоилзода М. - Раиси ШХСК «Барқи Тоҷик», Холиқзода М. – муовини Раиси ШХСК «Барқи Тоҷик», Сангов О.А.  – муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизов Р. – ноиби Президенти Академияи илмҳо, Кобулиев З. – Директори Институти оби Академияи илмҳо, Рузиматов П. – Раиси Иттифоқи дизайнерон, Муҳаббатов М. – Директори ҶДММ «Руҳом», Раҳимов З. – Мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Геологияи Тоҷик баргузор гардид.

      Дар ҷаласа Шариф Саид – Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссари генералии экспозитсияи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи ЭКСПО – 2017, ки  моҳҳои июн - сентябри соли 2017 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор мегардад маълумот дода,  зикр кард, ки намоишгоҳ махсусгардонидашуда буда, ба соҳаи энергетикаи сабз равона гардидааст. Ҳамчунин Шариф Саид дар бораи нақши намоишгоҳи ЭКСПО – 2017 дар рушду пешрафти соҳаи энергетика,  суханронӣ намуда, қайд кард, ки ин як майдони хубе барои муаррифӣ намудани иқтидори гидроэнергетикӣ ва захираҳои бои оби кишвар, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан ба сармоягузорон мебошад.

       Инчунин Шариф Саид зикр кард, ки экспозитсияи миллии Тоҷикистон бояд дар намоишгоҳ ба мавзӯи намоишгоҳ ва талаботҳои ташкилкунандагон  ҷавобгу буда бояд бо маводҳои ҳозиразамон бо истифода аз техника ва технологияи муосир ҷиҳозонида шавад.

    Дар ҷаласа инчунин Раҳимзода Султон – муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои об, Азизов Р. – ноиби Президенти Академияи илмҳо, Рузиматов П. – Раиси Иттифоқи дизайнерон Холиқзода М. – муовини Раиси ШХСК «Барқи Тоҷик» ва дигарон суханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои худро нисбат ба намоишгоҳи мазкур ва дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани экспозитсияи Тоҷикистон  баён намуданд.


prev
Сайт Призидента РТ  ICC IS AmCham Tajikistan bank of communications SAIC ТПП SIEMENS МИД Национальный Агроинветбанк ИА ХОВАР
Сайт Призидента РТ  ICC IS AmCham Tajikistan bank of communications SAIC ТПП SIEMENS МИД Национальный Агроинветбанк ИА ХОВАР
next
734012, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Валаматзаде, 21
Тел.: 221-52-84 Факс: 221-14 80 E-mail: Chamber@tpp.tj URL: www.tpp.tj
2009 © ТОРГОВО-ПРОМЫШЛЕННАЯ ПАЛАТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Locations of visitors to this page